«Завқи баланд ва талошҳои пайваста дар соҳаи санъат бароям дастовардҳои зиёдеро эҳдо кардааст»,-иброз намуд Сергей Никоненко, Ҳунарманди халқии Русия зимни шаби эҷодиаш, ки дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар маҳфили фарҳангӣ намояндагони Ҳукумати Федератсияи Русия, масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шумораи зиёди ҳаводорони эҷодиёти ин чеҳраи барҷастаи санъати рус ширкат намуданд.
Александр Никоненко дар маҳфил бо қироати шеъру тарона ва навозиши асбобҳои мусиқӣ табъи ҷамъомадагонро болида намуд. Тавре таъкид гардид, ин нахустин сафари ҳунарии Никоненко ба Тоҷикистон буда, он дар таҳкими ҳамкории фарҳангӣ миёни ду кишвар заминаи хуберо фароҳам хоҳад овард.
Сергей Никоненко на танҳо дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки дар ҷаҳон ҳамчун ҳунарманди соҳибистеъдод шинохта шудааст.
Манбаъ: АМИТ "ХОВАР"