«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин ном маҷмӯаи хотироти адибони ҷаҳон бо забони асл ва дар тарҷумаи тоҷикӣ ба нашр расид

ТВТ. 25.06.2022. «Садои адибони дунё дар васфи Тоҷикистон» —  таҳти чунин унвон намунаи асарҳои адибони ҷаҳон бо забони асл ва дар тарҷумаи тоҷикӣ ба нашр расид. Дар ин бора муаллиф ва мураттиби ин китоб Абдуқаҳҳори ҚОСИМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Маҷмӯа ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 408 саҳифа ба нарш расид. Дар он осори назмиву насрӣ, мақолаҳои илмию оммавӣ ва хотироти 57 нафар эҷодкорон Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Узбекистон, Озарбойҷон, Курдистон, Амрико, Олмон, Колумбия, Непал, Лаҳистон, Чин, Мекиска, Канада,  Покистон, Дания, Эквадор, Нигерия, Индонезия, Юнон,  Панама, Ҳиндустон, Испания, Сербия, Бангладеш, Бразилия, Туркия, Беларус, Молдова ва ғайраҳо ҷой дода шудаанд.

«Китоб бо дастгирии моддию маънавии муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ба нашр расид, — гуфт дар суҳбат бо мо  Абдуқаҳҳори Қосим. — Дар ин маҷмӯа меҳрномаи адибони ҷаҳон дар васфи Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст ва ин меҳру муҳаббат самараи    сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои судманди мо бо адибони дунё мебошад. Китоби мазкур метавонад дар баланд бардоштани ифтихори ватандории ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон нақши боризе дошта бошад».

Бояд  зикр намуд, ки дар баргардонидани ин маҷмӯа тарҷумонҳо Абдуқаҳҳори Қосим, Султонмуроди Одина, Камолиддин Бобоев, Ҳайбатулло Шодиев ва Нодира Собирзод саҳм гузоштаанд. Муҳаррирон он Бахтиёр Ҳамдамов, Сантош Кумар аз Непал ва Екатерина Володина аз Русия мебошанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: