Сафари кории Пешвои миллат ба Венгрия

Имрӯз
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт
ба Венгрия сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро
раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар
шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин
Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид
ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ,
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф
Раҳмон, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии
Тоҷикистон Шавкат Бобозода, Раиси Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Қодири Қосим, Директори Агентии
захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони
расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Tags: