Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея

23 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафари расмӣ озими Ҷумҳурии Корея шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи ин сафар инчунин дар Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: