Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лубнон нусхаи Эътимоднома супорид

20 апрели соли 2017 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лубнон маросими супоридани нусхаи Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон бо қароргоҳ дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов ба Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҷуброн Басил сурат гирифт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баъди маросими тақдими нусхаи Эътимоднома суҳбати Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафир баргузор гардид, ки зимни он роҳҳои тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар, ҳамчунин самтҳои ояндадори ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷониби лубнонӣ барои кушодани сафоратҳо ва таъйини сафирҳо, ҳамзамон консулҳои фахрӣ дар давлатҳои ҳамдигар изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Манбаъ: АМИТ "Ховар"