«Салом, Наврӯзи ҷавонӣ»-таҳти ин унвон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ саёҳати ҷавонон мегузарад

14 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ҳудуди ҷумҳурӣ таҳти унвони «Салом, Наврӯзи ҷавонӣ» саёҳати ҷавонон доир мегардад. Иқдоми мазкур аз ҷониби  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст.

Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи саёҳати ҷавонон аз ҷониби ҷавонони фаъол, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ва «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон» барномаҳои фарҳангиву адабӣ доир мегарданд. Ҳамчунин  дар мавзеъҳои фароғатӣ тақсими сабзаҳо ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯзи Аҷам ташкил карда мешавад.

Мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯз ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонони тамоми минтақаҳо  мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: