Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар як мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Тоҷикобод бо фаъолону сокинони сершумор мулоқоти самимию созанда баргузор карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми мардуми ноҳияи Тоҷикободро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки бо шарофати ваҳдату истиқлолият, сарҷамъии мардум ва дастгирии онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ноҳияи Тоҷикобод ободу пешрафта гардид.

Дар давоми қариб 28 соли Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастгирии буҷети ноҳияи Тоҷикобод беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар се соли оянда бо ин мақсад қариб 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, соли гузашта бо дастгирии ҳукумати мамлакат лоиҳаи мумфарш ва чароғонкунии кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ татбиқ шуда, соли ҷорӣ дар ин самт иҷрои корҳо ба маблағи 8 миллион сомонӣ идома дорад.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 9 лоиҳа ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 4 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 13 миллион сомонӣ идома дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супориш доданд, ки ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо ва сатҳу сифати иншооти бунёдшавандаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои боз ҳам зиёд кардани лоиҳаҳо, пеш аз ҳама, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон ҷораҷӯӣ намоянд.

Дар давраи истиқлолият дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 49 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 7000 нафар хонанда ва танҳо дар ду соли охир 7 бинои нави дорои беш аз 2000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 6 бинои мактаб барои 2200 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст ва зарур аст, ки корҳо дар ин самт тезонида шаванд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми меҳнатдӯст барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод, талош меварзанд.

Баъди анҷоми суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла ҷавонон ва собиқадорон — Ширинмоҳ Ширинбекова, Зайналобиддин Муҳадбеков, Сулаймони Аҳтам ва Давлатмурод Балаев баромад карда, барои ҳамаи дастгириҳо ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо бо дастгирии Сарвари давлат 36 ҷавон, аз ҷумла як нафар ҷавонписар барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии кишвар роҳхат гирифтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: