Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 830 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид

Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 830 ҳазор афзоиш ёфта, аз 140,54 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 12:00 (ба вақти Душанбе)-и 17 апрел, ба СУТ дар бораи 140 549 390 сироятшуда ва 3 012 683 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 830 052 нафар ва фавтидагон 12 514 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 32 305 912. Баъд аз он Ҳиндустон (14 526 609), Бразилия (13 834 342), Франсия (5 224 321), Россия (4 684 148), Британияи Кабир (4 383 572), Туркия (4 150 039), Италия (3 842 079), Испания (3 407 283), Германия (3 116 950), Полша (2 660 088) ва Аргентина (2 658 628) қарор доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: