Шамсиддин Орумбекзода бо Криста Пиккат баргузории намоишҳои муштараки фарҳангиро баррасӣ карданд

5 декабри соли равон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Директори минтақавии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Алмаато хонум Криста Пиккат суҳбати корӣ анҷом дод.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ нақшаҳои рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла, баргузор намудани намоишҳои муштараки фарҳангӣ бо иштироки осорхонаҳои кишварҳои масири «Шоҳроҳи Абрешим», чопи мақолаҳои илмӣ – оммавӣ ва пешниҳоди номгӯйҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.

АМИТ «Ховар»