Шикасти Регар-ТадАЗ аз Истиқлол дар даври 16-уми чемпионати футболи мамлакат

Бошгоҳи футболи “Истиқлол”- шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври 16-уми чемпионати мамлакат бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат намуд. Дидори дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар доираи бозиҳои даври 16-уми мусобиқоти Лигаи олиии мамлакат дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба суди шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев ба поён расид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 82-юм Дилшод Восиев кушод. Баъд аз 3 дақиқа ҳуҷумкунандаи беҳтарини мавсим Манучеҳр Ҷалилов як маротибаи дигар дарвозаи ҳарифонро рахна сохта, ҳисобро 2:0 кард.  Бо ин пирӯзӣ дастаи “Истиқлол” дар ҷадвали умумии мусобиқот мавқеи худро боз ҳам устувор намуд. Барои дарёфти 6-ум унвони қаҳрамонии Тоҷикистон, бошгоҳи футболи “Истиқлол”-ро лозим меояд танҳо 4 имтиёзи дигар аз 6 бозии интизор ба даст биорад. Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ғалабаи “Истиқлол” бар “Регар ТадАЗ” дар соли равон ба ҳисоб меравад.

ТВ Варзиш