Шукурҷон Зуҳуров ва Найтхар Хёфер-Виссинг муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Германияро баррасӣ карданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхар Хёфер-Виссинг бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар  дод, Шукурҷон Зуҳуров дипломати германиро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ пайваста мекӯшад, ки бо тамоми кишварҳои дуру наздик равобити фаъолу созанда ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ васеъ гардонад.

Аз ҷумла, Тоҷикистон ба тавсеаи муносибатҳо бо кишвари пешрафтаи Аврупо-Германия аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.  Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Германия, ки тӯли солҳои охир ба таври назаррас густариш ёфтаанд, яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

«Мулоқоти имрӯзаро мо чун амри зарурии ҷустуҷӯ ва дарёфти ҷанбаҳою воситаҳои нав ба нави рушду  тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории мутақобилан судманд арзёбӣ менамоем»,- гуфт Ш. Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба байни ду ҷумҳурӣ дар ҳамаи соҳаҳо ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки ҳанӯз имконоти истифоданашуда дар муносиботи Тоҷикистону Германия вуҷуд доранд. Зикр шуд, ки мо бояд аз ин имконот ба таври шоиста  истифода намоем, зеро мавриди истифода қарор додани ҳамаи ин зарфиятҳо барои боз ҳам наздик шудани миллати тоҷику германӣ мусоидат менамояд.

«Солҳои охир ҳамкории Тоҷикистону Германия ба марҳилаи сифатан нав ворид шудааст ва мо умедворем, ки ин равобит беш аз пеш тақвият ёфта, барои мустаҳкам гардидани риштаи дӯстӣ байни мардумони ду кишвар кумак менамояд»,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Ҳамчунин ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг ва маориф низ ба таври динамикӣ инкишоф меёбад. Ҳамасола дар доираи барномаи мазкур зиёда аз даҳҳо нафар донишҷӯён ва аспирантҳои муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи ихтисоси худро дар Германия баланд мебардоранд.

Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба ҳамкории байнипарлумонӣ изҳор дошт, ки «миёни парлумонҳоямон гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис дода шуда, намояндагони Парлумони Германия ба Тоҷикистон борҳо ташриф овардаанд. Боздиди ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Германия аз кишварҳои якдигар омили таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ин замина мегардад. Ҳамчунин истифода аз таҷрибаи ҳамдигар дар заминаи таҳия ва қабули қарору қонунҳо ва санадҳои муҳим аз ҳадафҳои дигари  парлумонҳои Тоҷикистону Германия мебошад».

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мулоқотро фароҳамоварандаи шароити мусоид барои тақвияи равобити гуногунҷанбаи ҷонибҳо арзёбӣ намуд.

АМИТ "Ховар"