Шукурҷон Зуҳуров ва Ян-Петер Олтерс ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс ва ҳамроҳони ӯ бо хоҳиши онҳо мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар мулоқот як зумра масъалаҳои фарогири вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба матраҳ гардиданд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамдастӣ бо ташкилоту идораҳои  молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил шудааст.

«Мо мулоқоти имрӯзаро идомаи мантиқии таҳкими ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва омили вусъатбахши дигаргунсозиҳои иқтисодии кишвари худ меҳисобем»,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ аз шарикони аслии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз оғози соли 1993 Тоҷикистон узви Бонки ҷаҳонӣ шуда, соли 1994 ба Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР) пайваст. Шарикии Бонк бо кишвари мо беш аз пеш тақвият ёфта, бо гузашти солҳо хеле густариш пайдо кард.

Дар мулоқот зикр гардид, ки аз оғози соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 1,39 миллиард доллари амрикоӣ дар шакли грант ва қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби хазинаи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР) ва фондҳои боварӣ ҷудо намудааст. Стратегияи Бонк бо вазифаҳои стратегии Ҳукумат оид ба таъмини неруи барқ ва амнияти озуқаворӣ, афзоиши истеҳсоли иҷтимоӣ ва густариши муносиботи минтақавӣ, ки дар Стратегияи нави миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 ва дар Барномаи рушди миёнамуҳлати кишвар то соли 2020 муайян шудааст, мувофиқат менамояд.

Давоми солҳои ҳамкорӣ бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар маҷмўъ 233 лоиҳа дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар амалӣ гаштаанд.

Дар солҳои 2015-2018 Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар доираи маҷмўи лоиҳаҳо, ҳамчунин сармоягузории нав дар соҳаҳои маориф, обтаъминкунӣ ва нигаҳдории тандурустӣ, обёрӣ, нақлиёт ва идоракунии давлатии молиявӣ кумак мерасонад. Ба воситаи гузаронидани корҳои таҳлилӣ ва қарздиҳӣ бо мақсади рушди соҳаҳо Бонк ҳамчунин дар амалишавии ислоҳоти сохторӣ дар бахшҳои энергетика ва молия бо мақсади афзоиши бештар мусоидат менамояд.

Дар заминаи рушди бахши хусусӣ Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ) барои кам кардани ҳаҷми хароҷоти ба тиҷорат алоқаманд, тақвияти бахши молиявӣ ва бештар кардани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ кӯшишҳои назаррас мекунанд.

Дар соҳаи тандурустӣ системаи маблағгузории сарикасӣ ҷорӣ карда шуд. Ин система бо мақсади таъмини кормандон ва муассисаҳои ёрии аввалин барои анҷом додани натиҷаи хуби фаъолият ба роҳ монда шудааст.

Сармоягузории Бонк дар бахши маорифи кишвар ҷиҳати то 40 % кам кардани ҳолати нарасидани китобҳои дарсӣ, ҳамчунин таъмири 2850 синфхона, ки ба беш аз 110 ҳазор хонанда шароити мусоиди таълимро фароҳам овард, мусоидат намуд.

Ҳамчунин дар мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки  тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ  дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб менамояд.

АМИТ "Ховар"