Сироҷидин Аслов бо Шон Стейл ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ карданд

3 феврали соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Остона) Шон Стейл баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат роҷеъ ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи Тоҷикистону Канада, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.
Ҳамзамон мусоҳибон масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро муҳокима намуданд.

Манбаъ: mfa.tj