«Сомон Эйр» дар парвози аввалини мунтазам 184 мусофирро ба пойтахти Россия расонид

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 4 апрел дар масири Душанбе-Москва нахустин парвози мунтазам анҷом дода, 184 нафар мусофирро ба пойтахти Россия — шаҳри Москва расонид.

Маркази матбуоти ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад, ки аввалин парвози мунтазам дар масири Душанбе-Москва рӯзи якшанбе  муваффақона анҷом дода шуд.  Тибқи маълумоти фурудгоҳи байналмилалии Домодедово,  ҳавопаймои «Сомон Эйр»  соати 16:45 ба вақти маҳаллӣ  ба пойтахти Россия фуруд омад.

Парвози навбатии ширкати ҳавопаймоии ватанӣ — «Сомон Эйр» дар хатсайри Душанбе-Москва пагоҳ,  6 апрел сурат  мегирад. Манбаъ  иттилоъ медиҳад, ки арзиши чипта дар масири Душанбе-Москва барои як тараф 349 доллар ва барои бозгашт 150 доллар муайян гардидааст.

Бояд зикр кард, ки Федератсияи Россия шурӯъ аз 1 апрел парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо шаш кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Германия, Венесуэла, Сурия ва Шри Ланка ба роҳ монд.

Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, парвозҳои мунтазами ҳавоиро дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе ва Москва –Душанбе –Москва ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» ва ширкати ҳавопаймоии Россия «UTair» иҷро менамоянд. Парвозҳо  ҳафтае ду маротиба сурат гирифта, рӯзи  сешанбе «Сомон Эйр» ва рӯзи ҷумъа «UTair» онро анҷом медиҳанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: