Субҳи имрӯз ворисони Сино дар пояи муҷассамаи ин табиби ҳозиқ гулчанбар гузоштанд

Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи кормандони тиб дар пояи муҷассамаи табиби машҳури давру замон Абуалӣ ибни Сино дар пойтахти мамлакат маросими гулчанбаргузорӣ барпо гардид. Дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат ва меҳмонон иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба зодрӯзи  Абӯалӣ ибни Сино рост омадани Рӯзи касбии  кормандони тибби Тоҷикистон рамзӣ буда, дар чунин рӯзи таърихӣ таҷлил намудани  иди касбии хеш кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бори дигар водор месозад, ки ворисони арзандаи ин табиби ҳозиқ бошанд ва баҳри солимии мардуми тоҷик кӯшишу талош намоянд.

Абуалӣ ибни Сино 18 августи соли 980 дар оилаи тоҷик ба дунё омада, дар ҷаҳон олим ва адиби пурмаҳсултарин эътироф гаштааст. Пажӯҳишгароне, ки ба омӯзиши  ҳаёту фаъолияти  ин нобиғаи соҳаи тиб машғуланд, бар он назаранд, ки Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 рисолаи илмӣ таълиф намудааст. Аз ин теъдод то замони мо танҳо 274 рисолаи илмӣ маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан 150 рисола дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои он ба илми тиб мансуб мебошанд.  Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои «Ал-Шифо» ва «Ал-Қонун фит-тиб» мебошанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то асри ХIХ истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ  ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ саҳми ниҳоят арзишманд гузоштааст. Аз ин ҷост, ки  ӯро дар олам чун пешоҳанги тибу фармакологияи клиникӣ ва бо номи Авитсенна мешиносанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: