СУҒД: 25 автобуси тамғаи «ЛИАЗ» ба Хуҷанд ворид гардид

Боз 25 адад автобусҳои мусофиркашонӣ дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилояти Суғд ворид гардид, ки ҳадаф беҳсозии ҳолати кунунии хизматрасонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Автобусҳои наву замонавӣ тамғаи «ЛИАЗ» буда, истеҳсоли Федератсияи Россия мебошанд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми беш аз 26 миллион доллари америкоӣ амалӣ гардида истодааст.

Автобсуҳои нав нисбат ба автобусҳои қаблан воридшуда калонҳаҷм буда, дарозии он 12 метр мебошад. Ҳар як автобус барои ғунҷоиши зиёда аз 100 мусофир пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар дохили автобус барои маъюбон имконоти мусоид фароҳам омадааст. Ҳамакнун бо амалӣ гаштани марҳилаи дуввуми лоиҳаи зикршуда хатсайри автобусҳо боз ҳам фарохтар гардид. Ҳаракати ин автобусҳо аз маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, то шаҳри Бӯстон идома меёбад. Дар назар аст, ки дар оянда ба самти шаҳри Гулистон низ хатсайри автобусҳо ба роҳ монда шавад.

Бояд зикр кард, ки автобусҳои наву замонавӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир истеҳсол гардида, ҳамаи амалиёт дар он ба тариқи электронӣ ба сомон расонида мешавад. Масъулин нақша доранд дар ояндаи наздик бо мақсади баланд бардоштани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ пардохти электронӣ ва чиптавии онро ба роҳ монанд. Бо амалӣ гаштани марҳилаи дуввуми лоиҳа шумораи умумии автобусҳо ба 50 адад расид ва мувофиқи нақша то поёни соли равон боз 50 адад автобус ба маркази вилоят оварда мешавад.

АМИТ «Ховар»