Муҳтарам аъзои Шӯро!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии чараёни татбиқи дусолаи ҳуҷҷатҳои стратегии кишварро дар ҳошияи ҳамоҳанг намудани Ҳадафҳои рушди устувор, ки аз ҷумлаи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Рӯзномаи асри XXI ба ҳисоб мераванд, фаро гирифт.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳуҷҷати мукаммали дарбаргирандаи маҷмӯи ислоҳот барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи имкониятҳои мавҷудаи мамлакат буда, самтҳои рушди минбаъдаи кишварро дар шароити таъсири бевоситаи омилҳои дохиливу берунӣ инъикос менамояд.
Ҳадафҳои стратегии интихобшуда дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди инсон равона шуда, мақсаду вазифаҳо дар он мушаххасу воқеъбинона ифода гардидаанд.
Афзалиятҳои асосии рушди кишвар дар давраи дарозмуҳлат масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, шуғл, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвар, мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсионӣ, идоракунии самаранок, ҳифзи экология ва идоракунии равандҳои демографиро фаро мегиранд.
Ман дар тамоми чорабиниҳо зикр намудаам ва бори дигар изҳор медорам, ки Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии худ дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ “сиёсати дарҳои кушода”-ро эълон намуда буд ва ин иқдомро минбаъд низ идома хоҳад дод.
Мо дар доираи густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо шарикони рушд тайи ду соли татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 тавассути амалӣ намудани Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба як қатор дастоварҳои назаррас ноил гардидем, ки чанде аз онҳоро ба таваҷҷуҳи шумо пешниҳод менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҷиҳати наздик шудан ба ин ҳадафи олӣ дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир дар самтҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ муяссар гардид, ки сатҳи камбизоатӣ ва фақри шадид ба таври назаррас паст шуда, табақаи миёнаи аҳолӣ афзоиш пайдо намояд.
Соли 2017 сатҳи камбизоатӣ ба 29,7 фоиз расид, ки дар қиёс ба нишондиҳандаи соли 2015 аллакай 1,3 банди фоизӣ поён рафтааст. Фақри шадид бошад, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ 14 фоизро ташкил дода, табақаи миёнаи аҳолӣ аз рӯи арзёбии пешакӣ ба 24 фоиз баробар шуд. Чунин натиҷа дар асоси таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоизи солона ва афзоиши хароҷот ба бахши иҷтимоӣ ба даст оварда шуд.
Нишондиҳандаҳои мазкур ба идома ёфтани тамоюли беҳтар гардидани ҳолати демографӣ ва вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат намуданд ва дар натиҷа нишондиҳандаи миёнаи дарозумрии аҳолӣ ба 73,5 сол баробар шуд (аз ҷумла, мардон 71,9 ва занон 75,7).
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки тамоюлҳои дар бахши тандурустӣ шаклгирифта ҳанӯз ноустувору пурихтилоф боқӣ мемонанд, ки ин бо сифати нисбатан пасти хизматрасонии тиббӣ, маблағгузории нокифояи бахши тандурустӣ ва сатҳи камбизоатӣ дар минтақаҳо марбут мебошад.
Дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Динамикаи бемории сил ва вараҷа тамоюли устувори коҳишёбӣ дорад.
Ҳоло фарогирии хонандагон бо таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи нопурра (синфҳои 1-9, аз 7-сола то 15-сола) 97 фоизро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи нақшавии барнома 3 банди фоизӣ зиёд аст.
Вале фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи паст қарор дошта, соли 2017 ҳамагӣ 13,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ барои ҳамин сол 5,4 банди фоизӣ кам буда, нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Барои татбиқи принсипҳои иқтисодиёти “сабз” дар Тоҷикистон истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба роҳ монда шудааст ва дар ин самт сармоягузориҳо сурат гирифта истодаанд.
Бо вуҷуди захираҳои бузурги оби ошомиданӣ, масъалаи таъмини аҳолӣ бо ин захираи ҳаётан муҳим то ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мемонад.
Инфрасохтори обтаъминкунӣ ва корезҳо фарсуда шуда, ба таҷдиду барқарорсозӣ эҳтиёҷ доранд.
Яке аз омилҳои рушди назарраси иқтисодӣ дар Тоҷикистон афзоиши бемайлони маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ мебошад. Аммо таҳлили сохтори маблағгузории асосӣ аз рӯи шаклҳои моликият нишон медиҳад, ки маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, асосан аз ҷониби давлат сурат гирифта, ҳаҷми сармоягузориҳои хусусии дохилӣ кам аст ва ҳанӯз ба омили воқеии рушди иқтисодиёт табдил наёфтааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ду соли татбиқи ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ маблағҳои буҷети давлатӣ сарчашмаи асосии маблағгузории пешбинишуда маҳсуб меёбанд ва қариб 80 фоизи ин маблағҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ равона шудаанд.
Бинобар ин, нақши сармоягузории давлатӣ барои рушди иқтисодии Тоҷикистон хеле муассир аст.
Дар баробари ин, маблағҳои шарикони рушд низ дар шакли қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумак ба самтҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ равона шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки ин сарчашма тибқи пешбиниҳои дар ҳуҷҷати стратегӣ дарҷгардида ба таври пурра истифода нашудааст. Бинобар ин, аз шарикони рушд хоҳиш карда мешавад, ки ҳиссагузории худро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон зиёдтар намоянд.
Тибқи таҳлилҳо ҳиссаи сармоягузории хусусӣ барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии кишвар ҳамагӣ 10 фоизро ташкил намудааст. Чунин ҳолат андешидани тадбирҳои иловагиро ҳам аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва ҳам аз тарафи шарикони рушд тақозо менамояд.
Ҷиҳати иҷрои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамчун сарчашмаи асосии маблағгузорӣ дар давоми солҳои 2015-2017-ум 53,5 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки мутаносибан аз рӯи солҳо тақрибан 33 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Далели муҳим он аст, ки қисми зиёди хароҷоти давлатӣ, яъне дар ҳаҷми 43,2 фоиз ба соҳаҳои таъминкунандаи рушди нерӯи инсонӣ равона гардидааст.
Ба соҳаи маориф дар ду соли татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 зиёда аз 9,2 миллиард сомонӣ (17,9 фоиз) сафарбар шудааст, ки 5,9 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар бахши маориф зиёда аз 45 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд.
Ба соҳаи тандурустӣ дар ҳамин давра 3,5 миллиард сомонӣ ва ба суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 8,5 миллиард сомонӣ маблағ сарф карда шуд.
Зимнан, барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар давоми ин солҳо қариб 9,6 миллиард сомонӣ ва барои инфрасохтори нақлиётӣ бо мақсади раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон тақрибан 3 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Дар самти энергетика иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ, аз ҷумла марказҳои гармидиҳии Душанбе 1 ва 2 ба истифода дода шуда, ҳамзамон бо ин, марҳалаи якуми таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроқум” оғоз гардид.
Дар бахши нақлиёт таҷдиди роҳи Восеъ — Ховалинг, Сайрон -Қарамиқ, Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон ва бунёди қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвон ба итмом расида, сохтмони терминалҳои муосири Қулма, Гулистон, Панҷи Поён ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин, таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар, Ҳуҷанд — Исфара, Кӯлоб -Шамсиддини Шоҳин, Шкев — Қалъаихумб, Темурмалик — Балҷувон-Ховалинг идома дорад.
Тибқи нақшаҳои дурнамо бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарду оҳан, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, бунёди терминалҳо, ташкили долонҳои нақлиётӣ ва рушди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар марҳалаи нави рушд равона намудани кӯшишҳои ҳадафнок барои беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, пеш аз ҳама, бояд ба истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда афзалиятнок бошад.
Танҳо рушди соҳибкории истеҳсолӣ метавонад барои таъсиси ҷойҳои кори доимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти рақобатпазирии кишварамон дар дурнамо мусоидат намояд. Ҳукумати кишвар барои ноил гардидан ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст ва бо ин мақсад ислоҳоти низоми андозбандӣ ва маъмурикунонии иқтисодиёт дар оянда низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Итминони комил дорам, ки саҳми ҳар як фарди ҷомеа ва намояндагиҳои шарикони рушд дар ҳаллу фасли масоили вобаста ба амалигардонии ҳадафҳои стратегии кишвар ва афзалиятҳои муайянгардида дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор афзуда, иштироки онҳо дар раванди таъмини рушд ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат назаррас хоҳад буд.
Дар робита ба ин, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар давоми солҳои 2018-2020 барои иҷрои барномаҳои таҳиягардида тадбирҳои муассир андешанд.
Илова бар ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки:
— бо мақсади омода намудани ҳисоботи солонаи сифатнок оид ба татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, ҷалби коршиносон ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд то охири соли ҷорӣ ҷадвали амалиёти барномаи мазкурро бо роҳи муайян намудани индикаторҳои фосилавӣ, натиҷавӣ ва арзёбӣ дар доираи соҳаҳо такмил диҳад;
— лоиҳаи Низомномаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти талаботи пешбининамудаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор дар таҳрири нав таҳия карда, тибқи тартиби муайянгардида дар муддати се моҳ барои тасдиқ пешниҳод намояд;
— бо мақсади муайян намудани сатҳи ҳамгироии барномаву стратегияҳои соҳавӣ бо ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ва Ҳадафҳои рушди устувор якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор номгӯи нишондиҳандаҳои заминавиро таҳия намуда, барои татбиқи он чораҳои зарурӣ андешад;
— фаъолияти комиссияҳои байниидоравӣ ва гурӯҳҳои кориро дар доираи Шӯро ҷоннок намуда, дар такмили минбаъдаи роҳҳои татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ва гузаронидани мониторинги доимии он аз тавсияҳои пешниҳодшуда ҳаматарафа истифода барад;
— барои дар соли 2019 омода намудани шарҳи фосилавии татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва замина гузоштан ба таҳияи марҳалаи дуюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд;
2) Ба котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии ҳамчун ҳамоҳангсози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар супориш дода мешавад, ки ҳамоҳангсозӣ ва пайгирии ҷараёни амалӣ намудани ин ҳадафҳоро мунтазам таъмин намояд.
3) Агентии омори назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон:
— якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд механизми муайян намудани сатҳи табақаи миёнаро бо дарназардошти хусусиятҳои хоси кишвар таҳия карда, онро аз аввали соли 2019 татбиқ намояд;
— то 1 апрели соли 2019 якҷо бо вазорату идораҳои соҳавӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд гурӯҳбандии нишондиҳандаҳои асосии Ҳадафҳои рушди устуворро, ки ба бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти миллӣ дахл доранд, ба анҷом расонида, раванди милликунонии онҳоро таъмин ва барои таҳлил ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо манзур намояд.
5) Вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе вазифадор карда мешаванд, ки дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯрои миллии рушд ҷараёни амалишавии стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва минтақавиро, ки пешбурди иқтисодиёти кишварро таъмин намуда, барои ноил шудан ба ҳадафу афзалиятҳои мамлакат мусоидат мекунанд, барои баррасӣ пешниҳод намоянд;
Муҳтарам аъзои Шӯро!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар хотимаи сухан мехостам бо итминони комил изҳор намоям, ки дар раванди амалисозии минбаъдаи стратегия ва барномаи миёнамуҳлати рушд, ки самт ва афзалиятҳои рушди кишварро таҷассум менамоянд, нақши шарикони рушди Тоҷикистон бо ҳам назаррас хоҳад буд.
Ба ҳар яки шумо саломативу барори кор орзу менамоям.
Ташаккур.
АМИТ"ХОВАР"