Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим»

Меҳмонони гиромӣ!
Дӯстони азиз!

Фарҳанг барои инсоният муҳимтарин арзиши маънавӣ маҳсуб ёфта, ба такмили завқи зебоипарастии ӯ мусоидат мекунад. Ба шарофати фарҳанг муносибати байниҳамдигарии одамон беҳтар ва оромиву осоиш дар ҷомеа устувор мегардад.

Дар баробари ин, фарҳанг ифода ва таҷассуми орзуву омоли халқ, анъанаву суннатҳои он ва беҳтарин таассуроти мардумӣ бо шаклу шеваи хос мебошад.

Дар шароити кунунӣ нақши фарҳанг ва муколамаи фарҳангҳо мавқеи торафт бештар касб карда, он ба як воситаи ба танзим даровардани муносибатҳои одамон, ифодаи мақсадҳои онҳо ва василаи расидан ба ҳадафҳои созандаву инсонгароёна табдил ёфтааст.

Фарҳанг метавонад, ки ба инсон барои раҳоӣ аз хатарҳои даҳшатбор кумак намояд, ба вай нерӯи созандагӣ бахшад ва одамиро аз вазъи ниҳоят сангини дар зеҳн парваридани нафрату хушунат берун оварда, ӯро ҷиҳати ба даст овардани дилҳо ва таъмину таҳкими сулҳу субот дар сайёра раҳнамоӣ намояд.

Аз ин рӯ, мо дар сиёсати худ ҳамеша ҷонибдори рушди бомароми фарҳанг мебошем ва онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.

Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон фарҳангро ҳастии миллат эълон карда, барои рушди он ҳамчун омили боло бурдани сатҳи тафаккуру маънавиёти аҳли ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар зарфи чоряк аср дар мамлакат барои инкишофи тамоми бахшҳои фарҳанг замина муҳайё гардид ва муассисаҳои махсуси таълимӣ ва эҷодӣ таъсис ёфтанд, ки ҳар сол садҳо нафар ҷавонони болаёқат ба ин муассисаҳо дохил шуда, на танҳо барои ба даст овардани касб талош меварзанд, балки ҷиҳати тарғиби ғояҳои муҳимми фарҳанг корҳои шоистаро ба анҷом мерасонанд.

Имрӯз дар кишвари мо тамоми навъҳои санъат, аз ҷумла санъати рассомӣ ташаккул ёфта, маҳсули эҷодии рассомони тоҷик ҳоло дар ҷаҳон машҳур мебошад.

Онҳо дар даҳҳо намоишҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалҳо ва озмунҳо иштирок карда, бо маҳорат ва асарҳои офаридаашон шуҳрати хосса пайдо кардаанд. Бо таъсис ёфтани Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, инчунин, Академияи мусаввирон дар кишвар барои рушди рассомиву ҳайкалтарошӣ заминаи хуб пайдо шуда, шогирдони ин муассисаҳо ва таълимгоҳҳои соҳаи фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Барои рассомон ва ҳайкалтарошон имрӯз дар мамлакат майдони фарохи эҷодӣ муҳайё шуда, онҳо дар ороиши иншооти мухталиф иштирок менамоянд ва маҳсули офаридаи худро амалӣ месозанд.

Барои рассомон дар Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ шароити хуби баргузор кардани намоишҳо муҳайё гардида, дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳо ҷойҳои тарғиби асарҳои рассомон ва ҳайкалтарошон таъсис ёфтаанд, ки сокинон ва меҳмонони кишвар бо офаридаҳои онҳо шинос шуда, таассуроти хешро нисбат ба зебоиҳои дунёи инсон ва табиат бою ғанӣ мегардонанд.

Боиси хушнудист, ки дар идомаи ҷашни 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ имрӯз дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Намоиши байналмилалии рассомон барои сулҳ таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» кори худро оғоз намуд, ки он марҳалаи нав дар рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, бахусус, санъати рассомӣ мебошад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, меҳмонони азиз ва ҳамаи ширкаткунандагонро ба муносибати ифтитоҳи ин ҳамоиш табрик мегӯям.

Ҳозирини гиромӣ!

Рассомон миёни намояндагони аҳли санъат баробари тарғибгари фарҳанг буданашон, инчунин, қосиди сулҳу дустӣ низ ба шумор мераванд. Дар асарҳои тасвирии онҳо муҳимтарин масъалаи глобалӣ, аз ҷумла инъикоси мавзӯи сулҳу дӯстӣ муҳим ва мубрам маҳсуб меёбад.

Дар бештари асарҳои рассомони муосир, сарфи назар аз миллату мазҳаб, мавзӯъҳои мазкур аҳаммияти бузург касб карда, тақдири имрӯза ва ояндаи инсоният тавассути рангҳо ифода меёбад ва масъалаи сулҳу дӯстии мардумони сайёра дар маркази тасвирҳои нозук қарор мегирад.

Ин ҳунармандон дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд ва мазмуну мундариҷаи асарҳояшонро масъалаҳои муҳимми рӯз, аз қабили нафрат ба ҷанг, таҳаммулгароӣ ва тараҳҳум ба инсон, сулҳу субот ва дӯстиву ҳамкорӣ ташкил медиҳанд.

Асоси офаридаҳои рассомон ба фалсафаи ҳамзистии инсон алоқамандӣ дошта, дар онҳо муаммоҳои имрӯзаи ҷомеа, зебоиҳои табиат ва вобаста ба ин, ҳифзи муҳити зист тасвир ёфтаанд, ки бешубҳа, арзиши баланди тарбиявӣ доранд.

Дар тасаввуроти рассомон ранги сиёҳ чун ҳалқаи торикӣ ифода шуда, ба муқобилаш рангҳои сабзу сурху сафеду гулобӣ, ки ифодагари сулҳ, зебоӣ, равшанӣ, хушбахтӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату одамгарӣ мебошад, бештар мавриди истифода қарор мегиранд.

Аз интихоби рангҳо низ бармеояд, ки рассомон мисли дигар гурӯҳҳои аҳли фарҳанг тарғибгари сулҳу субот ва вахдати комил миёни инсону коинот мебошанд.

Бовар дорам, ки дар ин намоиш рассомони боистеъдоду машҳури беш аз 30 кишвари дунё аз Аврупову Осиё ҳамин мавзӯъҳоро ба намоиш мегузоранд ва доир ба сулҳу субот, тақдири минбаъдаи инсон ва нақши созандаи ӯ барои расидан ба зиндагии осоишта ва дур шудан аз хатарҳои глобалӣ андеша меронанд.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳоло мехоҳам мухтасар дар бораи аҳаммияти Роҳи бузурги абрешим дар шароити имрӯза изҳори назар намоям. Аз давраи падид омадани ин шоҳроҳ тоҷикон ба мисли мардуми Чин ба хотири таҳким ва пешрафти ин роҳи тавоно талош карда, ҳатто забони суғдӣ то як муддат ба василаи забони муоширати байни халқҳо хизмат карда, боиси васеъ шудани ҷуғрофияи ин роҳи тиҷорат аз Чин то соҳилҳои баҳри Миёназамин гардидааст.

Баъдтар маҳз бо таъсири ин роҳи бузург робитаҳои фарҳангӣ низ ба вуҷуд омада, ба яке аз омилҳои рушди фарҳанг, бахусус мусиқӣ, рақс, санъати тасвирӣ, меъморӣ ва монанди инҳо табдил ёфтаанд.

Ҳамин баҳамоии фарҳангҳо боис шудааст, ки миёни одамон робита боз ҳам қавитар гардад ва ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф густариш ёбанд.

Хушбахтона, асри бисту якум давраи нави эҳёи Роҳи бузурги абрешим гардида, ба шарофати ин роҳи таърихӣ имрӯз шаклҳои гуногуни гуфтугӯҳо дар сатҳи сарони давлатҳо арзи ҳастӣ карда, робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ доманаи густурда пайдо намудаанд.

Дар доираи ин ҳамкориҳо нақши робитаҳои илмиву фарҳангӣ ҷойгоҳи хос касб карда, воситаи тарғиби фарҳанги ҳамдигарӣ гардидааст. Мо борҳо шоҳиди баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ гардида, дар ин замина вохӯриҳо, фестивалҳо, мусобиқаҳо ва мизҳои мудаввар доир ба аҳаммияти фарҳанг дар рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба доир мегарданд, ки чорабинии мазкур намунаи онҳо мебошад.

Бовар дорам, ки ин чорабинии фарҳангӣ ба муколамаи фарҳангӣ табдил ёфта, ба таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ байни сокинони сайёра мусоидат хоҳад кард. Зеро ҷаҳони имрӯза, бешубҳа, ба гуногунрангии фарҳангҳо эҳтиром дорад ва онро дастгирӣ менамояд.

Мо низ дар ҳамин замина фарҳангро ҳастии миллат дониста, ба он эҳтироми хос зоҳир менамоем ва рушди минбаъдаи онро ҷонибдорӣ мекунем.

Санъати тасвирии тоҷик, ки ба қаъри асрҳо мерасад, намунаҳои беназир ва нодири ёдгориҳои таърихие дорад, ки дар радифи асарҳои даврони эллинизми Юнони Қадим қарор доранд.

Аввалин тасвирҳои рӯисангиро бостоншиносон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баландии 4100 метр аз сатҳи баҳр ёфтаанд. Онҳо ба фарҳанги ба ном маркансоӣ мансубанд, ки фарҳанги аз ҳама баландкӯҳи асри санг дар ҷаҳон мебошад.

Дар асрҳои миёна санъати ороиши китоб ва минётурнигории мусаввирони тоҷик бештар тараққӣ карда, онҳо маъмулан дар асоси сюжети асарҳои манзум офарида мешуданд.

Мавзӯи миниатюраҳо аз саҳнаҳои набарду муҳориба, лаҳзаҳои базму маҳфилҳои суруду мусиқӣ, шикор, манзараҳои табиат, маросими қабул, симои шахсиятҳои бузург ва монанди инҳо иборат буданд.

Дар охири асри 14 ва ибтидои асри 15 мактаби миниатюраи Ҳирот таъсис ёфтааст, ки Камолиддини Беҳзод намояндаи бузургтарини ин мактаби эҷодӣ мебошад. Беҳзод дар Шарқ бо лақаби «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» низ маъруф буда, муосиронаш ӯро «қоиди мусаввирон», «ягонаи даврон» ва «нодири даврон» номидаанд.

Реализми осори Беҳзод бештар дар нигоришҳое падидор мешавад, ки ҳаёти воқеии халқро ифода мекунанд. Камолиддини Беҳзод, инчунин, баъзе лавҳаву манзараҳои этнографиро низ кашидааст, ки арзиши баланди ҳунариву эстетикӣ ва таърихӣ доранд. Чеҳранигорӣ дар эҷодиёти Беҳзод низ мавқеи махсус дорад.

Маҳз ба қалами ӯ портретҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ, Султоналии Хаттот, Ҳоҷӣ Муҳаммад ва дигарон тасвир шуда, то замони мо расидаанд.

Ошноии ҳунармандони тоҷик бо анъанаҳои бадеии Ғарб дар охири қарни ХIХ ва аввали асри ХХ оғоз ёфт. Рассомӣ ва жанрҳои он, аз қабили портрет, натюрморт, ҳамчунин, ҳайкалтарошӣ ва санъати муҳташам тадриҷан вусъат пайдо мекунад. Маҳз дар ҳамон вақт зуҳуроти нави бадеӣ ба миён меояд, ки бо номи санъати муосири Тоҷикистон маъруф гардид.

Он дар раванди таъсири мутақобилаи арзишҳои шарқиву аврупоӣ, низоми ҷаҳоншиносии мухталиф ва модернизатсияи ҳамаи шохаҳои фарҳанги тасвирӣ ба вуҷуд омада, ташаккул ёфт. Ва дар миёнаи садаи 20 асосҳои санъати муосири Тоҷикистон ташаккул ёфтанд.

Санъати муосири тасвирӣ дар солҳои охир ба комёбиҳо ноил шуда, дар он таърихи халқи тоҷик, дастоварду комёбиҳои он бо рангҳои мухталиф тасвир ёфтаанд. Ин хусусиятро дар осори якчанд насли рассомон дидан мумкин аст.

Онҳо дар асарҳои худ ба гузашта назар карда, воқеаву рӯйдодҳои таърихиро ҳамчун мавзӯи мубрам интихоб мекунанд ва онро обуранги бадеӣ дода, тамошобинро бо вазъияти ҳамонвақта шинос менамоянд.

Дар баробари ин, масъалаҳои имрӯза ва ояндаро низ хеле хуб қаламкашӣ карда, алоқаманд ба замону макони бадеиву тасвирӣ дар интихоби мавзӯъ, рангу манзара ва ашёву симоҳо комёбиҳои назаррасро ба даст овардаанд, ки намоиши асрҳои рассомон ин гуфтаҳоро тасдиқ менамоянд.

Бояд таъкид намоям, ки мусаввараҳои рассомони тоҷик хусусияти хос дошта, дар онҳо ҳафтрангӣ, назокати камназир ва ҷаззобияти нотакрор бештар ба назар мерасад.

Кишвари мо гӯё маҳз барои рассомон офарида шудааст: зебоиву назокати кӯҳҳо, шаршараву дараҳои камназир ва дигар манзараҳои нотакрори табиат барои рассомон ва манзарасозон маводи зиёд медиҳад.

Бовар дорам, ки рассомон ин имкониятро истифода карда, аз манзараҳои рангини кишвари мо ҳарчи бештар баҳра мебардоранд ва гӯшаҳои мухталифи диёри моро дар асарҳояшон ҷой мекунанд.

Итминони комил дорам, ки мухлисони санъати тасвирӣ бо бозёфтҳои устодони мӯқалами давлатҳои мухталиф рӯ ба рӯ истода, бори дигар аз назокати рангҳо, асрори ботин ва ҳикмату фалсафаи мусаввараҳо ба ваҷд меоянд, моҳияти гуногунрангии фарҳангҳоро дарк карда, дунёи рангин ва зебои инсонҳоро боз ҳам зебо, дилкаш ва воқеъбинона тасвир месозанд.

Дар фарҷом мехоҳам ба ташаббускорон ва шарикони созмондиҳандагони ин чорабинии фарҳангӣ – Иттифоқи байналмилалии “Рассомон барои сулҳ”, Маркази табодули фарҳангии «Саёҳат барои сулҳ», Бунёди “Мукофоти сулҳи Роҳи Абрешим” самимона изҳори сипос намоям.

Ҳамзамон бо ин, ба рассомоне, ки дар Намоиши байналмилалии “Рассомон барои сулҳ” асарҳояшонро ба тамошо гузоштаанд, фаъолияти пурсамар, парвози баланди тахайюл орзу намуда, ташрифашонро ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.

Ба кори намоиш барор мехоҳам.