Супоридани хонаи истиқоматӣ барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон, кӯчаи Бобо Ҳамдами шаҳри Душанбе бинои 9 ошёна барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзи таҷлили солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад.

Хабар дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии бунёдшуда дар масоҳати 0,18 га. қитъаи замини ҷудогардида оғоз ёфта, масоҳати умумии зери сохтмони он 646,1 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Тарҳи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП” омода шуда, арзиши лоиҳавии сохтмон қариб 17 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад. Тазаккур дода шуд, ки бунёди иншоот бо сарфаи 3 миллион сомонӣ бо сифати хуб ва ҷавобгӯ ба шароитҳои замонавӣ ба анҷом расонида шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмону васлкуниро ҶДММ “Иморатсоз” ба итмом расонд. Бинои мазкур дорои таваққуфгоҳ бо масоҳати умумии 590 метри мураббаъ ва ба хотири таъмини фароғати фарзандони бошандагон майдонча барои бозии бачаҳо бо масоҳати умумии 255 метри мураббаъ мебошад.

Бинои истиқоматии мазкур дорои 54 хона, аз ҷумла 18 хонаи сеҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ ва 18 якҳуҷрагӣ буда, манзилҳои зист аз 57 то 83 метри мураббаъ масоҳат доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда баҳои сазовор доданд ва аз сокинони хуштолеъ-кормандони мақомоти прокуратура даъват ба амал оварданд, ки хизматро ба нафъи халқу Ватан аз пештара дида хубтар ба роҳ монанд.

Дар навбати худ нафарони соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гардида, ба роҳбари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардушдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.