СУТ фарқияти нишонаҳои зуком ва коронавирусро номбар кард

Коронавируси COVID-19 ва зуком нишонаҳои монанд доранд, аммо сироятёбӣ аз коронавирус метавонад илова бар ин сабаби гум шудани эҳсоси таъм ва бӯй, инчунин нафастангӣ ва ҳарорати бештар аз 38 дараҷа гардад. Тавре «РИА Новости» имрӯз хабар додааст, дар ин хусус Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ибрози назар намудааст.

«COVID-19 ва зуком нишонаҳои ба ҳам монанд доранд, чунончи сулфа, зуком, дарди гулӯ, таб ва хастагӣ. Вале COVID-19 метавонад сабаби пайдо шудани нишонаҳои иловагӣ, чунончи гум шудани ҳисси таъм, бӯй ва нафастангӣ шавад», — зикр намудаанд дар СУТ.

Мутобиқи маълумоти Созмони мазкур, нишонаҳои шакли вазнини COVID-19 дар шакли нафастангӣ, надоштани иштиҳо, дарди доимӣ ё фишор дар қафаси сина, ҳарорати бештар аз 38 дараҷа ва инчунин парешонхотирӣ зоҳир мешаванд.

Шахси дорои нишонаҳои шакли вазнини беморӣ бояд фавран барои дарёфти кумаки тиббӣ муроҷиат кунад. Ҳатто дар сурати пайдо шудани нишонаҳои сабуки COVID-19, одамони гирифтори бемориҳои музмин, калонсолон, кӯдакони то панҷсола ва занони ҳомиладор бояд ба духтурон муроҷиат кунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: