Таҷлили Наврӯзи Аҷам дар ноҳияи Файзобод

Дирӯз дар маркази ноҳияи Файзобод ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ҷашнгоҳ сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва корхонаю муассисаҳо либосҳои миллӣ, намудҳои гуногуни хӯрок ва санъати қадимаи гузаштагонро ба намоиш гузошта, ҳунармандони ноҳия бо барномаи ҳаҷвию ҳунарӣ хотири иштирокдоронро шод гардониданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар рӯзи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ хатнатуйи 100 кӯдаки ятиму аз оилаҳои ниёзманд ва 6 тӯи арӯсӣ доир намуданд. Соҳибкорону саховатмандон ба кӯдакон либосу туҳфаи пулӣ ва ба навхонадорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Ҳамчунин ба 400 нафар иштирокдорони ҷанг ва собиқадорону маъюбон кумакҳои пулию маводи хӯрокӣ расонида шуд.

АМИТ «Ховар»