Шаҳраки навбунёди Яхчисор дар ноҳияи Дарвоз ба пазироии меҳмонон омода аст
Опубликовано ср, 13/09/2017 - 14:56 пользователем tvtБунёди манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурию маишӣ ва таълимию тандурустӣ дар шаҳраки Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз ба анҷом расид. Роҳи мошингард асфалтпӯш гардида, қад-қади роҳи пиёдагард гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд. Бисту як оила аз деҳаи Хостав, ки охири моҳи июли соли равон хонаҳояшон зери сел монд, ба ин шаҳраки навбунёд кӯч бастанд.


13 апрел дар нимаи аввали рӯз дар деҳаи Камчаки ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ярч фаромад.  Мутаассифона, ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай дошт.