Дар Душанбе Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид
Опубликовано вт, 03/07/2018 - 14:46 пользователем admin
Имрӯз пас аз баргузории ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар Форум, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир шуд, намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.


Имрӯз дар “Кохи Сомон” таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.