Тоҷикистон (U-19) ба сӯи бозиҳои ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё боз як қадами дигар гузошт
Опубликовано ср, 24/10/2018 - 10:36 пользователем tvtДирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии дуюми гурӯҳи «D»-и Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия идома дорад, бо дастаи мунтахаби Малайзия қувва озмуда, онро бо натиҷаи 2:2 мусовӣ анҷом дод. Футболбозони тоҷик баъди ин мусовӣ бо касби 4 имтиёз мавқеи худро дар зинаи дуввум нигоҳ медоранд. Шарҳи шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ.


Лигаи футболи Тоҷикистон бақатори унвонҷӯёни «Лигаи аз ҳама рушдкунандаи футбол» дар Осиё дохил шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.