Дар Хуҷанд рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ороста шуд
Опубликовано ср, 20/03/2019 - 22:20 пользователем admin
Дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ бо баландии 10 метр бо 7 қабат ороста шуд.


Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ шурӯъ аз 16 марти соли равон дар маҳаллаи Тути калон ва мувофиқи нақша, дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд барномаҳои наврӯзӣ бо пухтани суманак ҷараён мегиранд. Дар ин бора аз хадамоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» — и маркази вилояти Суғд маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилоят ба варзишгарон доир гардид. Дар он раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.