Интихобот-2020

То соати 09:00 як миллиону 23 ҳазору 430 нафар ё 20,70% интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзиданд

Аз соати 06:00 то соати 09:00 дар саросари мамлакат 1 млн 23 ҳазору 430 нафар ё 20,70% интихобкунандагон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, ба номзадҳои арзандаи худ овоз доданд.

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ оғоз гардид

Соати 6:00-и субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар саросари Тоҷикистон интихоботи Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».