2 апрел-Рӯзи умумиҷаҳонии китоби бачагона: китоб пайвандгари тавонову ногусастании наслҳост
Опубликовано вс, 02/04/2017 - 12:30 пользователем admin
Китоб ба истилоҳ аз мураккабтарин офаридаҳо буда, давраи ниҳоят тўлонии таърихиро аз сар гузаронидааст. Тавассути китоб наслҳои оянда ба ҳақиқати объективии ҳаёти ҷамъиятии ниёгон, фаҳмиши илмию бадеии онон шинос мешаванд. Дар инкишофи дунёи маънавии инсон китоб ба муқаддастарин воситаи зиндагӣ табдил ёфтааст.


Дар Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии Берлин-2017 дар гӯшаи Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо хонума Дагмар Шрайбер, ҳаммуалифи китоби «Роҳнамои мусофир оид ба Тоҷикистон» ба забони олмонӣ мулоқот намуд. Д. Шрайбер иброз дошт, ки нашри дуюми китоби мазкур низ дар байни ҳаводорони сайру сайёҳат ба Тоҷикистон хеле хуб пазируфта шуда, тасмим доранд, ки баъди бо маълумоти тозаю аксҳои нав пурра кардани китоб онро бознашр