Имрӯз дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон боридани барф дар назар аст
Опубликовано ср, 29/11/2017 - 09:59 пользователем tvtОбуҳавошиносон имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 метр боридани барфро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.


Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 27 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, боридани борон, барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ба истиснои ВМКБ борони шиддатнок пешгӯӣ мегардад. Дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст шавад.