Оғози фаъолияти ҶДММ «Баракат Исфара» дар шаҳри Исфара
Опубликовано пт, 24/03/2017 - 10:45 пользователем tvt
Дар рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хучанд як бинои 9 — ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.