Пешвои миллат

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

5 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар Фурудгоҳи ноҳияи Данғара сурат гирифта, мардуми заҳматкаши ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Жаир Мессиас Болсонару

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Жаир Мессиас Болсонару барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хушҳолам Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия самимона табрику муборакбодӣ намоям.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд.

Страницы