Тасдиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Парлумони мамлакат
Опубликовано пт, 11/05/2018 - 17:00 пользователем tvt
Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид, ки дар он Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 ва 19 январи соли 2018 марбут ба тағйироти кадрӣ тасдиқ гардиданд.


11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Вотел, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом доданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрҳоеро, ки дар мақомоти Прокуратура ва Палатаи ҳисоб ба вазифаҳои масъулу сатҳи роҳбарӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.