Барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд гузаронида мешавад
Опубликовано чт, 25/04/2019 - 20:46 пользователем admin
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 25 апрел то 25 июни соли 2019 барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор карда мешавад.


Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 84 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Муассисаи навбунёди таълимӣ барои 820 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад.
Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид. Иҷлосияи мазкур таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.