Шугнон

Барои хонандагони деҳаи дурафтодаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон бинои нави замонавии мактаб сохта мешавад

Дар деҳаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон то соли нави таҳсил бинои нави замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Бинои муассисаи мазкур дар аввали солҳои шастуми асри гузашта бо усули ҳашарчигӣ сохта шуда, бар асари боронгариҳо соли гузашта бомаш фурӯ рафт. Маъмурияти муасисисаи таълимӣ маҷбур шуд, ки як гурӯҳи хонандагонро ба хонаи