Оғози сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд
Опубликовано пт, 24/03/2017 - 10:42 пользователем tvt
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар фурӯдгоҳи муваққатии шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолон бо эҳтирому самимияти хосса ва ба таври бошукуҳ истиқбол гирифтанд.


Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хучанд як бинои 9 — ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос шуданд.