Ба Осорхонаи вилояти Суғд беш аз 100 адад ашёи таърихӣ ворид гардид
Опубликовано пт, 13/07/2018 - 11:41 пользователем admin
Аз оғози соли равон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хазинаи Осорхонаи вилояти Суғд 101 адад ашёи дорои аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ ворид гардид.


«Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.
Шурӯъ аз Иҷлосияи овозадору тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ то кунун бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, амнияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ таъмин гашт. Сохтмони азимтарин «НБО Роғун» амалан татбиқ шуда, дар баробари истеҳсол ва истихроҷи неруи барқ Тоҷикистон аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба давлати истеҳсолкунанда мубаддал мешавад. Ин суханонро раиси Кумитаи иҷроияи