ҲАЙАТИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКАНД. Онҳо аз мавзеъҳои тамошобоби пойтахти Ӯзбекистон боздид карданд
Опубликовано пт, 03/08/2018 - 12:55 пользователем admin
Тавре дирӯз, 1 август хабар дода будем, ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 55 нафар намояндагони фарҳангӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд.


Дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафари давлатии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 август ҳайати беш аз панҷоҳ нафараи фарҳангиёни тоҷик таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.