Ӯзбекистон

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН: дар Суғд мулоқоти вазирони мудофиа доир гардид

Имрӯз дар доираи баргузории машқҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар гарнизони вилояти Суғд Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизовро пешвоз гирифт.

Лукашенко муносиботи ҳозираи элитаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳасадбарангез хонд

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ дар Тошканд қарор дошт, ҳангоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи сафари охири расмияш ба Тоҷикистон  ёдовар шуд.

БОЗИҲОИ ТОБИСТОНАИ ОСИЁ: Аз рӯи шумори медалҳо Ӯзбекистон ба сафи даҳгонаи беҳтарин ворид гардид

Бозиҳои 18-уми тобистонаи Осиё, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардиданд, идома доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Индонезия хабар медиҳад.

То имрӯз мусобиқаҳо оид ба гуштини варзишӣ, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, софтбол, баскетбол 3х3, шамшербозӣ, ҷиуҷитсу, голф, ҷетски, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, теннис ва ушу ба анҷом расиданд. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштин, шиноварӣ, ҷиуҷитсу, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Страницы