Таркиш дар Парвони Афғонистон як кушта ва панҷ захмӣ бар ҷой гузошт

Мақомоти маҳаллии вилояти Парвони Афғонистон мегӯянд, ки бар асари таркиши минаи канори роҳ 8 феврали соли 2021 дар назди донишгоҳи ин вилоят як нафар кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба  хабаргузории «Садои Амрико» -и Афғонистон Darivoa.com.

Абдулқосим Сангин, мудири беморхонаи шаҳри Парвон гуфтааст, ки дар ин таркиш як нафар кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Номбурда  вазъи саломатии маҷрӯҳони ин таркишро қаноатбахш медонад.

Дар ҳамин ҳол, Абдул Восӣ Раҳимӣ, сардори шуъбаи полиси Парвон ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳадафи ин ҳамла автомашинаи хидматии раёсати амнияти миллии вилояти Парвон будааст.

Ҷаноби Раҳимӣ афзуд, ки ҳамаи қурбониён ва захмиёни ин таркиш кормандони раёсати мазкур буданд, ки ҷиҳати анҷоми вазифаҳои хидматӣ ба самти вулусволии  Кӯҳи Сафӣ мерафтанд.

Дар як ҳафтаи охир ин дуввумин таркиши минаи канори роҳ дар шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон, аст.

Тавре АМИТ «Ховар» пештар хабар дода буд, шаш рӯз пеш мошини ҳомили сардори полиси Парвон дар шаҳри Чоряккор ҳадафи минаи канори роҳ қарор гирифт, вале дар ин инфиҷор касе осеб надид.

Шаҳри Кобул низ 8 феврал шоҳиди таркиши минаи магнитӣ шуд.

Полиси Кобул мегӯяд, ки таркиш нимаи якуми рӯз дар ҳавзаи шашуми амниятии полис рух додааст.

Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фарамарз ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки дар натиҷаи таркиш касе осеб надидааст.

Ҳеҷ гурӯҳ ё шахс масъулияти ин таркишҳоро ба уҳда нагирифтааст, аммо мақомоти афғон «Толибон» -ро (мамнуъ дар Тоҷикистон) масъули ин ҳамлаҳо медонанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: