ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир ба моҳияти ин ҳуҷҷати муҳим бо мардум вохӯриҳо доир мешаванд

ТВТ. 17.10.2022. Аз 14 то 22 октябр  мутобиқи бандҳои 283 ва 284 дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон  вакилон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромаданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Вакилони мардумӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо фаъолон ва меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрӣ намуда, роҷеъ ба бандҳои алоҳида ва моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар доираи суҳбату вохӯриҳояшон бо интихобкунандагон ҳамчунин роҷеъ ба Иҷлосияи таърихии тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ таҷлил мегардад, мулоқот анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвари тоҷик дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: