Дар Душанбе ҷашни Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷараён дорад
Опубликовано сб, 15/04/2017 - 14:19 пользователем tvt
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Боғи Рӯдакӣ», «Кӯли ҷавонон» ва майдони 800-солагии Москва сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони шаҳр идома дорад.


Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддии роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 апрели соли 2017 «Дар бораи ҷудо намудани маблағ» ба тасвиб расид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ва ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии