Пешвои миллат: «475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 хонавода бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд»
Опубликовано чт, 03/09/2020 - 11:14 пользователем admin
Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ зикр намуданд, ки «Дар тӯли 25 сол 475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 оила бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд.


Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони хизмати ҳарбӣ!
3 сентябр дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар назди афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд.