Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллӣ таъйиноти кадрӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом доданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъйин шуданд.

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Аввалин шинохти таъриху фарҳанги ҳар миллат аз либоси миллӣ ибтидо мегирад

Тавре қаблан хабар додем, шуруъ аз имрӯз, 1 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии саросари ҷумҳурӣ бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ  мешавад 

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Абдуллозода Зебонисо Файзулло аз вазифаи раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Аминзода Сайдабону Рустам аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Саидзода Зулфия Саид аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд.

Страницы