164 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд
Опубликовано пн, 31/08/2020 - 11:32 пользователем admin2
Имрӯз 164 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Алмато ба Душанбе баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.


