Созишномаи грантии сеҷониба барои сохтмони НБО «Себзор» ба имзо расид
Опубликовано чт, 23/07/2020 - 13:32 пользователем admin
22 июли соли 2020 миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд барои сохтмони НБО «Себзор» ба маблағи 18,6 млн. евро Созишномаи сеҷонибаи грантӣ ба имзо расид, ки ин маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо мебошанд.


25 июл даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияҳои мамлакат тибқи тартиби нав — бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бе ҷалби тамошобинон доир мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон соли равон сиёсати пайгирона ва мутавозуни пулию қарзӣ ва асъории худро барои нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.