Хабар

ХАБАРИ ФАВРӢ! Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 48 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Прокурори генералӣ: «Зиёда аз 600 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин бекор гардид»

Дар шаш моҳи аввали соли равон 513 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба замин ва заминфурушӣ оғоз гардида, нафарони қонуншикан ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ин бора Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Имрӯз дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, соати 12:34 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 297 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир мебошад.

Страницы