Сокинони деҳаи Баравуни ноҳияи Ванҷ бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд
Опубликовано вт, 07/07/2020 - 09:10 пользователем admin
Дар деҳаи Баравуни ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дарозтарин хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дарозии хати оби нӯшокӣ 14 км буда, 62 нуқтаро дар бар мегирад.



