Хабар

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Роҳбари навтаъйини намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ

27 майи соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон Усома Маккавиро ба ҳузур пазируфт.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Лахш дар 6000 гектар картошка мекоранд

Сокинони ноҳияи Лахш барои саҳмгузорӣ дар фаровонгардонии бозори дохилӣ ва арзон гардонидани нархи картошка азм гирифтаанд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  дар майдони 6000 гектар  картошкаи навъи дарозпалаки  «Тоҷикистон-24» кишт намоянд.

Табибони Чин ба тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар вилояти Хатлон баҳои баланд доданд

Намояндаи ҳайати табибони чинӣ Ҷӣ Венкуй иброз кард, ки мутахассисони чинӣ ба тадбирҳои зиддиэпидемикие, ки дар вилояти Хатлон андешида шудаанд, баҳои баланди касбӣ медиҳанд.

Тавре қаблан хабар додем, ҳайати 14-нафараи мутахассисони соҳаи тиб аз музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин айни замон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон қарор дорад.

Страницы