Бонки миллии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тиб, ки ба табобати сироятёфтагони COVID-19 машғуланд, ёрӣ расонд
Опубликовано ср, 06/05/2020 - 16:28 пользователем admin
Роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби музди меҳнати худ ба Фонди пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавируси COVID-19, барои табибоне, ки ба табобати сироятёфтагон машғул мебошанд, 375 ҳазору 524 сомонӣ гузарониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.



Ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе танаффус маводи хӯрока ворид мегардад. Аз ҷумла, дирӯз 120 тонна орд вориди вилоят гардида, дар анборҳои соҳибкорон низ маводи зиёди ғизоӣ мавҷуд мебошад.