Дар Арманистон аввалин ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус ошкор карда шуд
Опубликовано вс, 01/03/2020 - 20:05 пользователем admin
Дар Арманистон аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид, изҳор доштааст Сарвазири Арманистон Никол Пашинян. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такя ба хабари INTERFAX.RU иттилоъ медиҳад.


Дар Кореяи Ҷанубӣ 376 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор карда шуд, ки дар натиҷа шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 3526 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Yonhap. Аз коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ то имрӯз 17 нафар фавтидаанд.
Дар участкаи интихоботии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон барои интихоби вакилони даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.