Дастаи футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ бо дастаҳои Кувайт ва Эрон бозӣ мекунад
Опубликовано ср, 22/01/2020 - 13:42 пользователем admin
Ҳарифони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки аз 2 то 8 феврал дар Тайланд баргузор мешавад, муайян гардиданд. Дар асоси қуръакашии мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаи Кувайт (3 феврал) ва Эрон (4 феврал) бозӣ мекунад.


22 январ дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво боқӣ монда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳо боридани борон ва барф дар назар аст.
Аз соати 23:00 –и 21 январ то соати 24:00-и 22 январи соли равон, яъне ба муҳлати як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Бухоро ва Нарзиқулови ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаҳои Бухоро, Бохтар, Пушкин, Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қатъ мегардад.